Роҳбарият

Маҳмадизода Нозим Давлатмурод декани факултети фалсафа

Маҳмадизода Нозим Давлатмурод 29 январи соли 1985 дар ноҳияи Темурмалики (собиқ Совет) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи Зиёӣ ба дунё омадааст.

Баъди хатми мактаби миёна соли 2002 ба ихтиссоси фалсафаи факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил гашта, соли 2007 онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Баъди хатми Донишгоҳ солҳои 2007 – 2008 ба ҳайси муҳаққиқ – коромӯзи кафедраи фарҳангшиносии факултети фалсафа фаъолият намудааст. Соли 2008 ба шуъбаи аспирантураи ДМТ дохил шуда, онро соли 2011 хатм кардааст. Аз сентиябри соли 2010 то июли соли 2011 бо дастгирии Райёсати ДМТ ба ҳайси коромӯзи кафедраи фалсафаи иҷтимоӣ ва фалсафаи динӣ факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов фиристонда шуда, 15 майи соли 2012 рисолаи номзадиашро зери унвони «Решаҳои иҷтимоии экстремизми динӣ дар Тоҷикистон» аз рӯи ихтисоси 09.00.11–фалсафаи иҷтимоӣ дар Шӯрои диссертатсионии назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон дифоъ кардааст.

Аз моҳи сентябри соли 2012 дар кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси муаллими калон ба кор гузаштааст. Солҳои 2013 – 2015 ҷонишини декан оид ба илм ва робитаҳои хориҷии факултети фалсафа ифои вазифа кардааст. Солҳои 2015 – 2016 ба ҳайси мудири кафедраи идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2016 – 2017 ба сифати директори Инистути конфутсияи назди ДМТ фаъолият карда, аз моҳи феврали соли 2018 то ҳол ба сифати декани факултети фалсафа кор мекунад.

         Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.