Роҳбарият

Маҳмадизода Нозим Давлатмурод декани факултети фалсафа

Маҳмадизода Нозим Давлатмурод 29 январи соли 1985 дар ноҳияи Темурмалики (собиқ Совет) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи Зиёӣ ба дунё омадааст.

Баъди хатми мактаби миёна соли 2002 ба ихтиссоси фалсафаи факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил гашта, соли 2007 онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Баъди хатми Донишгоҳ солҳои 2007 – 2008 ба ҳайси муҳаққиқ – коромӯзи кафедраи фарҳангшиносии факултети фалсафа фаъолият намудааст. Соли 2008 ба шуъбаи аспирантураи ДМТ дохил шуда, онро соли 2011 хатм кардааст. Аз сентиябри соли 2010 то июли соли 2011 бо дастгирии Райёсати ДМТ ба ҳайси коромӯзи кафедраи фалсафаи иҷтимоӣ ва фалсафаи динӣ факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов фиристонда шуда, 15 майи соли 2012 рисолаи номзадиашро зери унвони «Решаҳои иҷтимоии экстремизми динӣ дар Тоҷикистон» аз рӯи ихтисоси 09.00.11–фалсафаи иҷтимоӣ дар Шӯрои диссертатсионии назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон дифоъ кардааст.

Аз моҳи сентябри соли 2012 дар кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси муаллими калон ба кор гузаштааст. Солҳои 2013 – 2015 ҷонишини декан оид ба илм ва робитаҳои хориҷии факултети фалсафа ифои вазифа кардааст. Солҳои 2015 – 2016 ба ҳайси мудири кафедраи идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2016 – 2017 ба сифати директори Инистути конфутсияи назди ДМТ фаъолият карда, аз моҳи феврали соли 2018 то ҳол ба сифати декани факултети фалсафа кор мекунад.

         Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.

 Муовини аввал, муовини декан оид ба таълим дар бахши рӯзона  ва ғоибона– Назаров С.Т.

Муовини декан оид ба таълим Назаров Саъдулло Турахонович 26.10.1988 дар деҳаи Фаррухи ш. Роғун таваллуд шудааст. Соли 2006 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултети фалсафа ихтисоси фалсафа дохил шуда, онро соли 2011 бо муваффақият хатм намудааст. Моҳи сентябри соли 2011 дар кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафа ба ҳайси ассистент кору фаъолият намуда, аз моҳи марти соли 2018 то инҷониб муовини декан оид ба таълим кору фаъолият дорад. Мавзўи кори илмии Назаров С.Т. «Афкори фалсафӣ иҷтимоӣ-сиёсии Ибни Боҷа» буда, дар арафаи ҳимоя мебошад. Муаллифи 14 макола мебошад. Назаров С.Т. 10 сол собиқаи кории илмию омӯзгорӣ дорад. Оиладор соҳиби 2-фарзанд.

Раҳимов Дилшод Қурбоналиевич – муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ
Раҳимов Дилшод Қурбоналиевич 15 майи соли 1989 дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст.
Баъди хатми мактаби миёна соли 2008 ба ихтиссоси сиёсатшиносии факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил гашта, соли 2013 онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ соли 2013 ба ҳайси ассистенти кафедраи сиёсатшиносии  факултети фалсафа фаъолият намудааст. Аз соли 2018 то ҳол ба ҳайси муовини декани факултети фалсафа оид ба корҳои тарбиявӣ фаъолият дорам.
         Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.