РОҲҲОИ МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР

111

Дар ҷомеаи муосир яке аз масъалаҳои асосӣ – масъалаи ташкил ва амалӣ намудани мубориза бар зидди ифротгароӣ, аз он ҷумла ифротгароии динӣ ба ҳисоб меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷомеаи мо дар мубориза бар зидди ифротгароии динӣ, ки ба сиёсат омезиш ёфтааст, роҳҳо ва воситаҳои мухталиф истифода карда мешаванд. Аксарияти муҳаққиқон чунин ақида доранд, ки дар мубориза бар зидди ифротгароии динӣ, нақш ва мақоми воситаҳои пешгирии ҳуқуқӣ бузург аст. Аз ин хотир, онҳо зарурати такмили қонунгузории мубориза бар зидди ифротгароии диниро таъкид менамоянд.

Муҳаққиқи рус А. Возженков таъкид менамояд, ки “яке аз мушкилоти асосии ҳар як кишвар эҷоди системаҳои самараноки мубориза алайҳи ифротгароии динӣ, на танҳо дар сатҳи давлатӣ, балки дар сатҳи умумиминтақавӣ ва умумисайёравӣ маҳсуб мешавад. Аён аст, ки то ҳол давлат кафолати комили амнияти шаҳрвандонро намедиҳад. Аз ин рӯ, мо дар бораи ташкил ва такмил додани низоми миллии мубориза бар зидди ифротгароии динӣ, ки на танҳо захираҳои давлат, балки захираҳои ҷомеаи шаҳрвандиро низ коста мегардонад, бояд фикр кунем”. Чораҳое бояд андешида шаванд, ки ба пайдоиши гурӯҳҳои нави динӣ-ифротӣ муқовимат намуда тавонад ва пеши роҳи ба ҷавонон таъсири бад расонидани афкори муғризонаи ин ҷараёнҳои ифротиро бигирад. Ҳамзамон, дар сатҳи байналхалқӣ чораҳои пешгирии онҳо бояд коркард карда шаванд.

Гурӯҳҳои динӣ-ифротӣ, аз қабили “Ал-Қоида”, “Ҷунд-ул-лоҳ”, “Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон”, “Ҷиҳоди ислом”, “Ҳаракати Толибон”, “Ансор-ул-лоҳ”, “Ҳизб-ут-Таҳрир” “ҲНИ” ва амсоли инҳо, ки аз ҷониби як қатор давлатҳо ҳамчун гурӯҳҳои динӣ-ифротӣ ва террористӣ дониста шудаанд, бо густурда намудани фаъолияти худ ва анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона мехоҳанд нуфузу эътибори худро боло баранд. Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият, дигар андешаи солиме ҷой надорад. Харобу валангор гардидани садҳо бинову иншоот, ҷон бохтани мардуми осоишта, фирор намудани аҳолӣ аз макони зист ва амсоли онҳо подоши расидан ба ҳадафҳои ҷинояткоронаи ин гурӯҳҳои динӣ-ифротӣ аст.

Мубориза бо ифротгароӣ бояд дар самтҳои зерин ба роҳ монда шаванд, то ки онҳо натиҷаи дилхоҳ биёранд. Пеш аз ҳама, қабули чорабиниҳои профилактикӣ, ки ба огоҳнамоии ифротгароӣ, аз он ҷумла, ошкорнамоӣ ва бартараф намудани сабаб ва шароит, ки ба амалигардии он мусоидат менамоянд, равона карда шавад. Ҳамчунин, ошкор ва бартараф намудани ифротгароӣ тавассути ҳамкориҳои байналхалқӣ бояд ба роҳ монда шавад.

Намунаи барҷастаи ин мафҳум дар таърихи муосир таҷрибаи Япония ба шумор меравад, ки дар ин кишвар муносибатҳои бозорӣ ва сармоядорӣ, моҳиятан, ба ифодаи замонавии маънавиёти анъанавии ҷамъиятӣ (обшинагӣ) асос ёфтааст.

Аз ин рӯ, ба тамоми афроди ҷомеаи имрӯза зарур аст, ки насли минбаъдаи худро дар заминаи талаботи зерини мусбӣ тарбия намоянд:

– омӯзонидани арзишҳои ахлоқу одоб аз нахустин рӯзҳои таваллуд ва минбаъд таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир кардан ба камолоти фарзанд дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ;

– ҷалби кӯдакон ба машғулиятҳои варзишӣ, мактабҳои рассомию мусиқӣ ва амсоли он.

Ба мақомоти давлатӣ зарур аст, ки барои оилаҳои камбизоат ва дорои шароитҳои номусоиди иҷтимоӣ, ба таври ройгон мактабҳои варзишӣ таъсис дода, машғулиятҳои барои ҳамагон дастраси варзиширо фароҳам оваранд (на ҳар модар имкон дорад, бо маоши ночиз фарзандонро ба машғулиятҳои варзишӣ диҳад).

Ғайр аз ин, ҷавононро бояд дар рӯҳияи инсондӯстӣ дар муносибат ба атрофиён, новобаста ба тамоюли иҷтимоӣ, этникӣ, динӣ ва ҷинсии онҳо тарбия намуда, бо кор таъмин бояд кард ва дар байни онҳо корҳои тарбиявӣ, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, муқовимат бо ифротгароӣ ва ғ. бурдан зарур аст.

Чи тавре маълум аст, аксари кишварҳои ҷаҳон бо фаъолияти тахрибкоронаи гурӯҳҳои динӣ-ифротӣ ва хусусияти динидошта, рӯ ба рӯ ҳастанд ва зарари калони маънавию моддӣ дида истодаанд.

Дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай диққати асосӣ дар мубориза бо ин “се офат” терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар низомномаи ин созмон қайд шудааст, ки мубориза бо терроризми байналхалқӣ, ифротгароии динӣ ва ҷудоихоҳии миллӣ қисми ҷудонашавандаи сиёсати ин созмон мебошад. Дар доираи фаъолият ин созмон барои пешгири ва мубориза бо ифротгароию терроризм корҳои назаррас рафта истодааст ва умед аст, ки ба андозае пеши роҳи ин вабои асри ХХ1 гирифта шавад. Вобаста ба ин масъала муҳақкиқи тоҷик Н.Зоҳидӣ қайд менамояд, ки «Мубориза бар зидди терроризми чудоихоҳу ифротгаро ва ҳамагуна зуҳуроти онҳо аз самтҳои муҳимми фаъолияти СҲШ маҳсуб гардида, бо мақсади фаъолияти бонизом ва мақсаднок дар ин росто хеле фаъол аст.

Сохтори минтақавии зиддитерористии СҲШ бо муваффақият амал менамоянд. Дар доираи ҳамкориҳои низомӣ ба таври мунтазам тамринҳои муштараки низомии зиддитерроистии кишварҳои аъзои СҲШ гузаронида мешавад”.

Ҳаёти иҷтимоӣ исбот кардааст, ки байни наслҳои бузургу хурд ҳама вақт бархӯрду нофаҳмиҳои вуҷуд доранд. Асри ХХ1 асри рушди технологияи итилоотӣ буда, давлатҳо ба рушди ҳаёти маънавӣ ва арзишҳои ахлоқӣ кам аҳамият медиҳанд, ки ин раванд бар зарари ахлоқ ва фарҳанги ҷомеаи инсонӣ мебошад. Мо борҳо шоҳиди он шудаем, ки ҷавонони даврони навин бемалол одамони калонсолро бо суханони дурушту носазо таҳқир менамоянд ва дар мавриди шикоят ба волидайни онҳо зиёдтар ба иззати нафсашон мерасанд, ҳамчунин «тӯдае» нафареро зери лату кӯб мегиранду раҳгузарон, аз рӯйи мақоли он, ки «сари худам дар амон аст, ба дигарон корам чӣ?!» аз он чашм мепӯшанду лаб фурӯ мебанданд.

Дар чунин ҳолатҳо, дар чунин як даврони хараҷу мараҷ, душвории эҳёи анъанаҳои гузаштагон масъалаи аз нав зинда кардани арзишҳои фаромӯшшудаи маънавӣ, ба миён меояд. Миллати тоҷик, пеш аз ҳама, бо шуҷоату диловарӣ, иззати нафс, ҷавонмардӣ, дӯстию рафоқат, муҳаббату эҳтироми байниҳамдигарӣ, ки ченаки умумии ахлоқи ҳамидаи инсонӣ барои ҳамагон маҳсуб меёбанд. Дар таърихи инкишофи миллати тоҷик марҳилаҳое буданд, ки ҳаёти шарафмандонаи инсонӣ қадри баланд дошт, ба пиронсолию дармондагӣ назарҳо мусбӣ буд, рафтори номуносиби ашхоси бадахлоқу бетарбия бошад, аз ҷониби атрофиён сахт мазаммату маломат карда мешуд ва гунаҳкорон ҳатман ҷазои худро медиданд, ки аслан худи ҷомеа на ягон қудрате ё ниҳоди расмие муайян мекард. Дар он даврон касе худро ба андозае, ки имрӯз чунин мешуморанд – одамони ба кишвар, ба ҷомеа «нодаркор» эҳсос намекарданд. Мутаасифона, иқтисоди бозоргонӣ қонунҳои худро дорад ва мақулаи марказии он сармоя ва пул мебошад, тафаккур, ахлоқ, одоб далерию шуҷоат дар сохтори иқтисоди бозоргонӣ кам кадртар мебошад. Сармоя ва пул меъёри тамоми муносибатҳо гаштааст, ки форматсияи капиталистӣ тақозо дорад.

Мубориза бар зидди ифротгароӣ қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи чаҳонӣ мебошад. Вазъи буҳронии ҷомеа, пеш аз ҳама, дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ муассир аст.

Номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки масъалаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо, ба монанди ифротгароӣ ва терроризми фаромиллӣ мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм, ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯавии умумидавлатии муқовимат бо ин зуҳурот анҷом дода шавад.

Дар самти муборизаи самаранок ба зидди гурӯҳҳои динӣ-ифротӣ дар марҳилаи муосир, ташкили маркази маишии кӯдакон, ҷавонон, варзишгоҳҳо зарур аст, чунки ҳадаф ва вазифаҳои онҳо бояд ба эҳёи фарҳанги миллӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, фаъолияти хайриявӣ ва рушди намудҳои гуногуни варзиш равона карда шуда бошанд, хеле муҳимм аст.

Сиёсати мукаммали давлатии дастгирии ҷавонон дар мубориза бар зидди ифротгароӣ омили муҳимми пешгирӣ ва роҳ надодани паҳншавии ин зуҳурот дар ҷомеа мебошад. Дар системаи умумии пешгирии ифротгароии ҷавонон, фаъолияти гурӯҳҳои варзишии ҷавонон, иттиҳодияҳои ҷамъиятии варзишӣ, ки вазифаи онҳо ташкили фароғати мусбати инкишофи наврасон ва ҷавонон мебошад, мавқеи муҳимро ишғол мекунад.

Яке аз чораҳои муассири мубориза бо ифротгароӣ дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия ва тарғиби идеологияи миллӣ мебошад. Бо ин мақсад, нақши васоити ахбори омма дар санадҳои ҳуқуқии ҷумҳурӣ ба таври возеҳ муайян шудааст. Ҳангоме ки гурӯҳҳои динӣ-ифротӣ ба паҳн кардани адабиёт ва ҷалби аъзоёни нав – аз хонандагони мактаб то насли ба камолот расидаи шаҳрвандон шуруъ мекунад ин асоси муборизаи беамони ҳукумат бар зидди ин зуҳурот хоҳад гашт.

Хулоса, кори самаранок бо васоити ахбори омма комёбиро дар мубориза бо чунин зуҳуроти даҳшатнок ба монанди ифротгароӣ динӣ таъмин хоҳад кард. Нимаи дигарро тавассути тарбияи насли ҷавон дар ҷомеаи пешрафта ва ба таври дуруст роҳнамуда метавон ба даст овард. Дар ин роҳ нақши ташкилотҳои таълимӣ дар мадди аввал меистад.

Ҷанбаи маърифати мубориза бо ифротгароиро қайд карда, мехоҳам зикр намоям, ки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон чунин адабиёт вуҷуд надорад, ки тамоми даҳшатҳои ин зуҳуротро пурра нишон диҳад ва насли ҷавонро ба мубориза бо ин падида водор созад. Мо дар бораи ифротгароии динӣ дар телевизион мешунавем, мақолаҳо дар бораи ифротгароиро дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо мехонем, ки одатан коршиносони ин соҳа мехонанд. Барои оммаи васеи аҳолӣ дар ин минтақа ягон адабиёте нест, ки ин падидаро бо забони дастрас ва фаҳмо, хусусан барои мактаббачагон, расонад ва ба назари мо, ин масъалаи вақт аст. Ҳоло тамоми кишварҳои минтақа дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави мубориза бо ин зуҳурот кор мекунанд ва ба зудӣ мо дар бораи усулҳои муассири таълимии мубориза алайҳи зуҳуроти ифротгароии динӣ мешунавем.

Саидзода Далер Муҳибулло,доктори фалсафа Ph.D, муаллими калони кафедраитаърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии ДМТ