СЕМИНАРИ ИЛМӢ – АМАЛӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ВОЛОНТЁРҲО» БО ИШТИРОКИ КУМИТАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЛИБИ СУРХ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФАЛСАФА БАРГУЗОР ГАРДИД

71

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2023, №244 «Дар бораи Барномаи миллии рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 21-уми ноябри соли 2023 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди фаъолияти волонтёрӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2027»-ро истиқбол намуда, ҷиҳати саҳм гирифтан дар рушди фаъолияти волонтёрӣ дар байни донишҷӯёни факултети фалсафа дар пояи кафедраи психологияи чорабинии омӯзиширо роҳандозӣ намуд. Чорабинии мазкур ба «Рӯзи умумиҷаҳонии волонтёрҳо» бахшида шуда, дар санаи 09.12.2023 дар бинои факултети фалсафаи ДМТ ба роҳ монда шуд.

Дар чорабинӣ намоиши маҳсули фаъолияти илмию методии устодони кафедра ва барномаи омӯзишии кутоҳмуддат дар мавзуи «Омода намудани волонтёрҳо барои расонидани кумаки аввалияи психологӣ» барои донишҷӯёни ихтисосҳои равияи ҷамъиятӣ (психология, кори иҷтимоӣ ва сотсиология) ташкил гардид. Лозим ба ёдоварист, ки чорабинии мазкур дар заминаи ҳамкорӣ бо намояндагии Кумитаи байналмилалии салиби сурх дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Чорабинии мазкурро намояндаи раёсати донишгоҳ аз бахши равобити байналмилалӣ ҳусни оғоз бахшида, аҳамияти Барномаи давлатии рушди фаъолияти волонтиёриро дар замони муосир таъкид намуд. Номбурда қайд кард, ки бояд кӯмаки аввалияи психологӣ ба мисли кӯмаки аввалияти тиббӣ дар ҷомеа маъмулӣ бошад, ки давраи пандемияи коронавирус гуфтаҳои болоро тасдиқ мекунад. Сипас, мудири кафедраи психология Саидзода Баҳрулло ба суханҳои намояндаи раёсати Донишгоҳ тақвият бахшида, муҳиму саривақтӣ будани тасдиқи Барномаи давлатӣ доир ба рушди фаъолияти волонтёриро қайд намуданд ва инчунин иброз доштанд, ки ҳассосияти замони муосир исботи барои ҳар як фард муҳим будани донишҳои аввалияи психологӣ аст, мусалаҳ будани аҳолӣ бо донишҳои психологӣ ба таҳкими саломатии равонӣ мусоидат мекунад, ки ин тақозои замон мебошад.