“ШОҲНОМА” – МУАРРИФГАРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

498

Ҷаҳду талошҳои Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ дар роҳи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ шоистаи таҳсин ва офарин буда, намунаи олии таҷассуми эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг, адабиёт, дин ва арзишҳои миллиамон мебошад. Хусусан, тарҷума ва нашри чандкаратаи Қуръони карим ба хатти сириллик, чопи осори мондагори бузургони гузаштаи миллат, нашр ва ҳадяи китоби Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ба ҳар як хонавода аз иқдомҳои барҷастаи Пешвои миллат дар ин ҷода мебошанд.

Амр ва дастури навбатии Президенти кишвар оид ба нашри китоби “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ва тақдиму дастраси мардум гардонидани он падидаи фарҳангии ҳувиятсози миллат аст, ки ба раванди маънавии давлату миллатсозӣ ва таҳкими пояҳои Истиқлоли миллӣ такон ва ангезаи қавӣ мебахшад.

“Шоҳнома”-и Фирдавсӣ шоҳкори беназири маънавӣ дар адабиёти тоҷику форс ва адабиёти ҷаҳон мебошад. Он ҳамосаи миллии мардуми ориёинажод ба шумор меравад. Эҷоди чунин шоҳасари таърихӣ зеҳни фавқуллода ва ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии Фирдавсии бузург ва дар умум шахсияти камназири таърихӣ будани ӯро ба намоиш мегузорад.

Устоди сухан, донишманди маъруфи миллат, зиндаёд Худоӣ Шариф дар китоби мондагори худ “Шоҳнома” ва шеъри замони Фирдавсӣ чӣ хуб гуфтааст: “Фирдавсӣ суханвар ва шоири бузурги замони худ буд. Аммо барои он ки чунин нобиғае ба саҳнаи адабиёт биёяд ва дарахти азиме дар Боғи Ирами кишвари паҳновари адаби форсӣ бигзорад, ки аз ҳама кунҷу канор сари волои дарахти тануманди он менамуда бошад, мавҷудияти чунин боғ ва қудрату тавоноии офаринандае чун Фирдавсӣ лозим аст.

Шеъру адаби забони порсӣ дар фосилаи наздик ба дусад сол, то рӯзгори ҷавонӣ ва оғози сарояндагиии Фирдавсӣ пешравии ҳайратоваре намуда ва бунёди забонӣ, ҳунарӣ, завқӣ, маърифатӣ, зебоишинохтӣ ва ҷаҳонбиниеро гузошт, ки дар ҳазорҳо соли дигар дар ин поя роҳи устувори рушду пешрафту такмилро паймуд. Аммо вусъати бунёдии ин адабиёт бидуни он чи Фирдавсӣ бар вай афзуд, ба назар нокифоя ва андак менамояд”.

Ҷанбаи муҳимтарини фалсафа ва фарҳанги нигориши мавзуъ ва муҳтавои Шоҳнома аз тарафи муаллифи он Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ пеш аз ҳама дар ҳифозат ва нигоҳдошти асолат, шукӯҳу шаҳомати забони тоҷикӣ форсӣ аст. Шоҳнома қомуси зиндаи унсури асосии фарҳанги мо-забони мост. Аз оғоз то ба анҷоми ин шоҳасари таърихӣ дар ҳар як мисраву байт, бахшу қисматҳои он фасоҳату балоғати забони тоҷикӣ аз забони гӯяндаи он эҳсос мегардад. Ин бузургӣ ва бузургвории шахсияти худи Фирдавсист, ки дар замони ҳукмронии забони арабӣ дар илму фарҳанги он замон ҳаммосаи беназири миллиро бо забони порсӣ эҷод кард. Аҷобаташ ҳам ҳамин аст, ки тамоми калимаҳои дар Шоҳнома истифодашуда дар таркиби луғавии забони имрӯзаи тоҷикӣ мавҷуданд. Яъне Фирдавсӣ фарде аз табори ориёӣ, бо ҷаҳонфаҳмӣ ва ҷаҳоншиносии ориёӣ, бо ғуруру ифтихори ориёӣ зиндагию кору эҷод намудааст ва ба арзишҳои бунёдии ин фарҳанги зиндагибахшу зиндагисоз арҷу эҳтиром гузоштааст.

Шоҳнома як асари бунёдии муаррифгари фарҳанги миллии мо маҳсуб аст. Мазмун ва муҳтавои достонҳои он дар кадом шакле, ки набошад, чи асотирӣ, чи паҳлавонӣ ва чи таърихӣ таҷассумгари фалсафаи ибратбахши гузаштагон, ниёгони мост. Фирдавсӣ бо як маҳорати хос ва пайванди мантиқии тафаккуру андеша ҳодисаву воқеоти гуногунро пешорӯи хонанда меорад. Масалан, зимни баррасии замони подшоҳии пешдодиён- Каюмарс, Ҳушанг, Таҳмурас, Ҷамшед, Фаридун ва дигарон, ки дар таърихи фарҳанги ориёӣ бо номи қонунгароён, адолатпешагон, озодагон ва ғ. машҳуранд, симои тамаддунофарии пешгузаштагони мо пеши назари хонанда ҷилвагар мегардад.

Дар таълифот ва навиштаҳои шоҳномапажӯҳишгарон замони салтанати ин шоҳон зуҳури унсурҳои фарҳанги ҳаётбахши ниёгонамон, аз қабили тарзи зиндагӣ, тайёр кардани хӯроку пӯшок, хонасозӣ, кашфи оташ, ҳунари бофандагӣ, силоҳсозӣ, кишту кори зироат, киштисозӣ, яъне нишонаҳои тамаддунӣ шудани онҳо қаламдод шудааст. Бо тасвири Шоҳнома мо аз фарҳанги зиндагӣ, урфу одат ва фаъолияти моддию маънавии аҷдодони гузаштаи худ ошно мегардем. Шоҳнома ба мо менамояд, ки гузаштагони мо аз қадиммулайём мардуми бунёдкору созанда ва соҳибназару соҳибхирад будаанд.

Яке аз ҷанбаҳои асосии Шоҳномаи Фирдавсӣ ҳамчун ҳамосаи миллӣ нишондоди низоми мадании ҳаёту рӯзгори қавмҳои ориётабор, дар мисоли фардиятҳо аст, ки бар пояи индивидуализм (фардиятгароӣ) ва маниши нек асос ёфта буд. Расидан ба ҳадди комили худшиносию худогоҳӣ ва инсонгароӣ асоси бунёди таълиму тарбияти маънавии Шоҳнома аст. Аҷибаш ҳам ҳамин аст, ки Шоҳнома дар қатори ганҷинаи суханварию суханшиносӣ будан, таълимоти хоси онтологӣ ва гносеологиро низ соҳиб аст.

Симои Фирдавсӣ ба ҳайси як мутафаккири забардаст ва андешаманди соҳибназар дар баён, шарҳу тафсири масоили кайҳоншиносию табиатшиносӣ, ҳамзамон зебоишиносӣ, аз ҷумла фалсафаи ҷашнҳои қадимаи мардуми эронинажод-Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон, дар масъалаҳои иҷтимою сиёсӣ- сохти давлатдорӣ, муносибатҳои давлатдорӣ (сиёсати дохилию хориҷӣ) симои шоҳон, паҳлавонон, умури ҳукумат, коргузорӣ, боҷхоҳӣ, сипоҳиён, лашкар, образи табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, мардумони меҳнаткаш, деҳқонону косибон, занону духтарон, аҳли ҳунар ва санъат, муносибатҳои оиладорӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ, таълиму тарбияи ҷавонон, арзишҳои ахлоқӣ, масоили марзию ҳудудӣ, шинохти ҷуғрофӣ ва ғ. хуб падидор ва намудор мегардад ва пеш ҳама аз намунае аз ҷанбаҳои мухталифи мазмуну муҳтавои Шоҳномаи арзишманди ӯст, ки тӯли 35 сол бо диду назари хос дар навишти он ранҷу заҳмат кашида, хома сарф кардааст. Шояд ӯ метавонист, ва агар мехост, пештар ва дар андак муддате Шоҳномаро менавишт ва ба итмом мерасонд. Вале ҳадафи бузурги ӯ, таълифи хирадномаи маънавии таъриху сарнавишти мардуми соҳибфарҳанги эронинажод буд. Аз ин ҷост, ки Фирдавсӣ бо Шоҳномааш барои ҳамеша барои ақвоми ориётабор ва дар маҷмуъ барои тамоми башарият шоири паёмрасони ҳама давру замонҳо аст.

Як ҷанбаи бисёр ифтихорӣ ва худшиносии Шоҳнома, ин муаррифии симои паҳлавонӣ ва шаъну салобати ҷавонмардии мардумони ориётабор аст. Ин паҳлавонӣ, на ҳамчун нишонаи зуроварӣ ва лашкаркашӣ, ё ғасбу куштори кишвару мамлакатҳо ва мардуми он, балки фарҳанги ватандорию, ватанпарварӣ, ҳимоят аз марзу буми хеш, ҷасурию далерӣ, танумандию солимӣ, мардонагию сарфарозӣ ва дигар сифатҳои неку ҳамида аст.

Тасвири симои паҳлавонони зиёде аз кишварҳои Эрону Турон, ба мисли Соми Наримон, Зол, Рустам, Қоран (писари Кова), Гударз, Гев, Бежан, Сиёвуш, Тӯс, Исфандиёр, Зарир, Гурдофарид, Афросиёб, Сӯҳроб, Пирон, Ағрирас, Гарсеваз, Пилсам, Ашкбӯс ва дигарон намунае аз он аст.

Хизмати барҷастаи Фирдавсӣ дар муаррифии фарҳанги ориёӣ, ин тасвири ибратбахши симои занони ориёӣ ҳамчун бонувони шуҷоъ ва диловар, модарони мушфиқу меҳрубон ва ҳамсарони боиффату фидокор, аз қабили Гурдофарид, Рудоба, Манижа, Фарангис, Таҳмина, Синдухт (модари Рудоба), Фаронак ва дигарон мебошад.

Шахсият ва бузургии Фирдавсӣ ҳамчун нобиғаи сухан ва ҳакиму андешаманди нотакрор дар мазмуну маънофаринӣ дар муқаддимаи Шоҳнома падидор аст, ки пас аз “Оғози китоб” (Ситоиши Эзид), “Гуфтор андар ситоиши хирад” дорад. Яъне, ин бузургвори ҷаҳони андеша асли фарҳанги инсонӣ, шинохт ва камолоти маънавии онро фақат ва фақат дар хираду хирадмандӣ дидааст. Фирдавсӣ баъд ситоиши Эзиди пок- Худованди ҷону хирад, ба тавсифи ин гавҳари аслбахшу ҳувиятсози инсон пардохтааст. Дар ин мавзеъ муносиб донистам, ки боз иқтибосе аз устоди зиндаёд Худоӣ Шариф биёрам: “ Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” сухан аз диданиҳо мегӯяд ва маънии ин диданиҳо дониш аст.

Хирад, сухан ва дониш аз ҳам ҷудо нестанд. Хирад нахустофариниш аст, бо сухан пайваста ба ҷойгоҳи баланд, ба қавли Фирдавсӣ ба шохи дониш ҷойгоҳ меёбад. Ва инсон дар ин мақом, ки ҷойгоҳи фикрӣ ва ақлонӣ аст, имкони дарёбандагии таҳлилӣ ҳосил мекунад ва дар ин раванд дарёфти дониши ӯ беохир аст. Ин ҳамон ҷойгоҳи фикрӣ аст, ки аврупоиён онро “интеллект”(intellect) ва соҳиби ин маҷмаи хирад, донишро интеллектуалмегӯянд, ки ба маънии ҳушманд, андешаманд ва мутафаккири забони форсӣ ва тоҷикӣ ҳаммаъно мебошад”. Ба сухани худи Фирдавсӣ:

Хирад гар сухан баргузинад ҳаме,

Ҳамонро гузинад, ки бинад ҳаме…

Пас, бармеояд, Фирдавсӣ ҳам аз нахустин бузургони фарҳангу тамаддуни оламгири мост, ки ситоишгари ақлу хирад, яъне ҳушмандии инсон аст ва даъвати ӯ ба шинохти ин ҷавҳари поку нафис ҳамчун сарчашмаи нуру маърифати зиндагӣ, рушду пешрафт ва такомулу ташаккули шахсияти афроди ҷомеа бешак арзиши умумибашарӣ, умумиинсонӣ дорад.

Мирзоҳусайни Бадалипур номзади илмҳои фалсафа,дотсенти кафедраи таърихи фалсафава фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ