ЗУҲУРОТИ ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН

87

Ифротгароӣ солҳои охир аз ҷониби гурӯҳҳои гуногуни динӣ – ифротӣ, ба таври васеъ паҳн шудааст. Ин гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз дин, сиёсат ва фарҳанг моҳирона истифода намуда ҷавонони камсаводу аз дониш дурмондаро ба сафи худ ҷалб менамоянд. Ифротгароён дар фаъолияти худ миллат, фарҳанг, дин ва мазҳабҳои суннатии ҷомеаро инкор намуда, онҳоро пайбанди андешаву ақидаҳои гумроҳонаи худ мекунанд. Ин амали онҳо боиси он мегардад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон поймол гардида, зиндагии орому осудаи ҷомеа ноамн ва халалдор мегардад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо ин падидаи номатлуб кишварҳои гуногуни минтақаро ноором сохта вазъи сиёсии онҳоро ноустувор гардонидааст. Омӯзиши ҳисоботи оморӣ ва иттилоотӣ – таҳлилӣ нишон медиҳад, ки шаклҳои асосии фаъолияти ифротгароӣ ҷиноятҳое мебошанд, ки дар заминаи кинаву адовати миллӣ, сиёсӣ ва мазҳабӣ бармеоянд. Ифротгароӣ бештар дар барангехтани кинаву адоват дар муносибатҳои байни миллатҳо ва таъсир ба эътиқод ва бовариҳои динию мазҳабӣ зоҳир мегардад.

Сарчашмаҳои асосии ифротгароии ҷавонон дар ҷомеаи тоҷик омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ: вазъи ногувори таълим, мушкилоти шуғл, инчунин омилҳои иҷтимоию сиёсӣ мебошанд. Ин омилҳо на танҳо ба пайдоиши низоъҳои қавмию сиёсӣ мусоидат мекунанд, балки аз ҷониби идеологҳои гурӯҳҳои ифротгаро инкишоф дода мешавад.

Зуҳуроти ифротгароии динӣ дар байни ҷавонон дар минтақа яке аз масъалаҳои ташвишовар ба ҳисоб рафта, аз мавҷудияти марказҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва ташкилию идеологии ҳаракати ин гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ шаҳодат медиҳад.

Дар шароити кунунӣ, асосан ҷавонон объекти асосии таъсиррасонии гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ гардидаанд. Гурӯҳҳои динии ифротӣ ҷавононро бо тарғибҳои бардурӯғ ва фиребу найранг, ваъдаҳои хушку холӣ ба доми худ мекунанд, ки дар натиҷа ҷавонон меъёрҳои иҷтимоию ахлоқиро рад намуда, ба сафи гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ шомил мешаванд. Шакли дигари рӯ овардани ҷавонон ба ифротгароӣ ин қафо мондани онҳо аз дастовардҳои муҳимми илму маориф, таълиму тарбияи дуруст нагирифтани онҳо мебошад.

Яке аз роҳҳои ба ифротгарои майл намудани ҷавонон ин мавъизаҳои эҳсосбарангези баъзе рӯҳониён ва имомхатибони масҷидҳо мебошад. Барои ҷавонон пешниҳоди ғояҳои ҷиҳод дар тафсире, ки ифротгароён онҳоро муаррифӣ мекунанд, хеле хатарнок ва фоҷеабор мебошад. Ҳолатҳое ҳам ба мушоҳида мерасад, ки баъзе аз имомхатибони масҷидҳо на ҳама вақт ба саволҳои зарурӣ объективона ҷавоб дода метавонанд.

Ҷаҳонбинии дурусти динию дунявии пешвоёни динӣ дар роҳи таълиму тарбияи ҷавонон таъсиргузор аст. Дар сурати ғайр зери таъсири мафкураи носолим монда ба ҷои ғояҳои созандаи миллӣ идеяҳои бегонаи гурӯҳҳои динӣ – ифротиро қабул менамоянд.

Дар назари аввал ин андешаҳо фаҳмо ба назар мерасанд, ки гуё идеологҳои гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ба саволҳои мураккаби зиндагӣ ҷавобҳои содда ва қаноатбахш медиҳад. Дониши номукамали динӣ ва хуб дар сатҳи зарурӣ надонистани асли Қуръон баъзе имомхатибон, ки минбари мавъизаро соҳибанд, боиси нигарони аст. Бадбахтона тарғибу ташвиқи баъзе идеологҳои гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ чунон пурзур ва таъсиргузор аст, ки то ҳатто бархе аз ҷавононе, дар ҷустуҷӯи зиндагии осоиштаанд ва пуштибонии оилаву ҷомеа мебошанд, ба доми онҳо меафтанд.

Дар шароити имрӯза, барои аксарияти кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ҷавонон аз он гурӯҳи эҳтимолие мебошанд, ки метавонад гирифтори ғояҳҳои ифротгароӣ ва террористӣ шаванд.

Аз ин рӯ, дар рӯҳияи худшиносию худогохӣ ва қадр кардани арзишҳои умумибашарӣ тарбият намудани ҷавонон ин масъулияти на танҳо волидайн ё муассисаҳои давлатӣ, балки вазифаи ҳар афроди соҳибхиради ҷомеа мебошад.

Дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ ва раванди мураккаби ҷаҳонишавӣ метавон натиҷагирӣ намуд, ки омили дигари муҳимми ташаккул ва инкишофи гурӯҳҳои динӣ-ифротӣ, бешубҳа, мухолифати геополитикии абарқудратҳо ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир, дар баъзе ҳолатҳо, ба хотири ҳалли вазифаҳои муайяни геополитикӣ, чунин гурӯҳҳои динӣ-ифротӣ ба таври сунъӣ ташкил карда мешаванд. Аксарияти муҳаққиқон таъкид менамоянд, ки маҳз геополитикаи бузург сабаби пурқувватшавии идеологияи ифротгароӣ ва мувофиқан ташаккул ва инкишофи гурӯҳҳои динӣ-ифротӣ гардидааст.

Ифротгароӣ аз рӯи сохтори худ падидаи мураккаб ба ҳисоб меравад, ки шаклҳои муайяни идеология ва унсурҳои худташкилнамоии гурӯҳиро доро мебошад. Мухолифат ба ифротгароӣ ва терроризмро наметавон танҳо бо чорабиниҳои қонунгузорӣ ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳдуд намуд.

Муносибати маҷмӯавии иштироки васеи тамоми ҷомеа, ҷалби тамоми низоми муассисаҳои фарҳангӣ ва соҳаи иҷтимоӣ дар мубориза ба ифротгароӣ ва терроризм барои амният ва оромии ҷомеа зарур аст.

Интиқоли идеологияи иртиҷоӣ ва ифротии ҷараёнҳои ифротгароӣ -террористӣ тавассути эмиссар ва гумоштаҳои ташкилотҳои террристӣ, пеш аз ҳама, мазмун ва моҳияти иғвоангезӣ, фитнакорӣ, эҷоди кинаву адовати динӣ – мазҳабӣ ва ҷалби ҷавонон барои шомил гардонидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ҷиноятӣ – террористӣ мебошад. Мақсад ва дурнамои иттиҳодияҳои ифротӣ на таблиғи ғояҳои исломи муътадил ва суннатӣ, балки ҳадафи асосии онҳо бо дасти мусулмонон нобуд намудани осори таърихӣ – фарҳангӣ ва аз байн бурдани муқаддасоти исломӣ аст.

Идеологияи чунин иттиҳодияҳо ба рушди ҳаёти солими маънавӣ халал расонида, мардумро побанди ҳаргуна ақидаҳои ифротгароёна ва мазҳабию сиёсӣ месозанд. Таълимоти ин равияҳо нафақат хислати иртиҷоӣ доранд, балки ба буҳрони амиқи маънавӣ ва харобии зеҳнии қишрҳои гуногуни мардум, аз ҷумла ҷавонон, сабаб мегарданд.

Хулоса ифротгароии динӣ, шакли ҷаҳонишавии шуури қисме аз ҷавононе гардидааст, ки ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ машғул нестанд, дар зиндагӣ ҷойгоҳи худ ва роҳҳои худшиносиву худогоҳиро пайдо карда натавонистаанд. Айни замон, сарфи назар аз муносибатҳои мураккаби байналхалқӣ ва динию мазҳабӣ дар ҷаҳон, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ зарурати рушд ва такмили муносибатҳои байнимиллиро, ки ноил шудан ба ваҳдати байни миллатҳо нигаронида шудаанд, воситаи муҳим медонанд.

Cатторзода С.Н. н.и.ф., муаллими калони кафедраи корииҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ