ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН БА ХОТИРИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ДАВЛАТҲО

217

Яке аз руйдодҳои муҳими ҳафтаи охир вохурии сарони кишварҳои Осиёи Миёна ва Хитой дар дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд. Бояд қайд намуд, ки таҳти сиёсати хирадмандони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин , ки 4 январи 1992 барқарор шуданд ва баъдан 13 марти 1992 Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе ва 7 апрели 1997 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин ифтитоҳ ёфта, фаъолият доранд, ба як маҷрои ҳасанаи дустиву ҳамдигарфаҳмӣ ворид гардиданд.

Сафари навбатии Роҳбари давлатамон бо истиқболи самимӣ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Пекин, ки ба хотири истиқболи меҳмони олиқадр идона ороста шуда буд, оғоз гардид. Ҳамчунин ба хотири пазироии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон горди фахрӣ саф ороста, парчамҳои давлатии Тоҷикистону Чин партавафшонӣ дошт. Гарчанде мақсад аз ин сафар иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сатҳи баланди саммити якуми “Осиёи Марказӣ-Чин” бошад ҳам, боз як қатор суҳбату вохуриҳо анҷом дода шуда, созишномаҳои барои мамлакат муфид ба имзо расиданд.Аз ин рӯ, ҳифзи муносибатҳои ҳасанаи анъанавӣ, агар аз як ҷониб, афзалияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон бошад, аз ҷониби дигар, риояи манфиатҳои олии миллӣ дар ниҳояти кор муайянкунанда хоҳад буд.

Тоҷикистон дар самти шарқӣ ҳамсояшарики бузург дорад ва рушду таҳкими ҳамкориҳои судманди гуногунарсаро бо Ҷумҳурии Халқии Хитой аз вазифаҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ дар Осиё медонад.

Дар ҳама гуна сафару вохуриҳо ва имзои сошномаҳои тарафайн Президенти мамлакат афзалиятро ба соҳаи маориф ва илм медиҳанд. Дар самти робитаҳои байналмилалӣ зиёд намудани бурсияҳои давлатӣ барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар; ҷалби институтҳои байналмилалӣ, донорҳо барои дастгирӣ ислоҳоти соҳаи маориф; таъсис додани воҳидҳои кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар ба мақоми корманди дипломатӣ дар назди сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Қазоқистон намунаи ҳамин дастгириҳост.

Вобаста ба қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар тибқи бурсияҳои байниҳукуматӣ қатори даигар давлатҳо аз ҷониби Хитой барзийд иҷро мегарданд. Дастовардҳои соҳаи ҳамкорӣ бо Хитой хеле назаррасанд. Аз ҷумла 12-уми сентябри соли 2019 дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» маросими муаррифии «Маҷмӯи дастурҳои ғизои мактабӣ» баргузор гашт, ки дар он директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ), ҷаноби Албэрто Коррейя Мендес, президенти Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Федератсияи Россия Владимер Чернигов, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода ва намояндагон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Бояд гуфт, ки нашри аввали китоб, ки соли 2016 ба табъ расида буд, дар маросими ҷоизасупорӣ дар шаҳри Янтайи Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷоизаи «Беҳтарин дар ҷаҳон»-ро соҳиб гашт.

Яке аз ҳадафҳое, ки Вазорати маорифи ва илм чанд соли охир пеш гирифтаву аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст, таҳким бахшидан ба вусъати ҳаракати олимпӣ мебошад. Бо ин мақсад, Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо моҳҳои январ, июл, август ва ноябри соли равон курсҳои омӯзишии омодагӣ ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро ба роҳ монд, ки дар онҳо хонандагон аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба таълим фаро гирифта шуданд. Дар ин бахш ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Хитой хеле хуб ба роҳ монда шудааст.

Кишвари мо рушду таҳкими ҳамкориҳои судманди гуногунарсаро бо Ҷумҳурии Халқии Хитой аз вазифаҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ дар Осиё медонад. Мардуми тоҷик умуман аз сатҳи баланди ҳамкориҳои созанда, самарабахш ва судманд бо Хитой, алалхусус дар иқтисодиёт, қаноатманд ҳастанд. Тоҷикистону Чин шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ мебошанд. Тақвият ва рушди муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба ва ҳамкорӣ бо ин кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.Дар таърихи муносибатҳои дуҷониба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва корӣ (8-11 марти 1993, апрели 1996, августи 1999, июни 2001, 2003, январи 2007, июни 2012, 20 майи 2013, сентябри 2014, 31 август-3 сентябри 2015, 30 август-5 сентябри 2017, июни 2018, 25-29 апрели 2019) ба Ҷумҳурии Мардумии Чин намудаанд.Роҳбарони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва корӣ (июли 2000, августи 2008, сентябри 2014, 14-16 июни 2019) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст.Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни суханронии худ доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаласа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманди давлатҳои ҳамоиш як қатор пешниҳодҳо намуданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҷиҳати дар сатҳи баланди тадорукотӣ ташкил кардани Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказӣ” ва истиқболи гарму меҳмоннавозии анъанавӣ изҳори сипос намуданд.Таъкид гардид, ки дар шаҳри таърихии Сиан баргузор шудани ҳамоиш бисёр рамзӣ мебошад, зеро Роҳи бузурги абрешим маҳз аз ҳамин ҷо сарчашма гирифта, дар замони мо рушду эҳё меёбад ва барои ба ҳам наздик шудани кишварҳову мардумони мо хизмат мерасонад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи мураккабу зудтағйирёбандаи ҷомаеи ҷаҳонӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳо дар ҷаҳон ва минтақа иброз доштанд, ки маҳз бо дарназардошти ин ҳолат аҳамияти ҳамкор ии кишварҳо дар чаҳорчуби ҳамоиши “Чин-Осиёи Марказӣ” афзун мегардад.

Дар ин росто Сарвари давлат мавқеи устувори Тоҷикистонро дар роҳи мустаҳкам кардани ҳамкории гуногунҷанба дар чаҳорчуби ҳамоиши “Чин-Осиёи Марказӣ” ҷиҳати таъмини амну субот, таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор таъйид карданд.

Дар ин росто Сарвари давлат мавқеи устувори Тоҷикистонро дар роҳи мустаҳкам кардани ҳамкории гуногунҷанба дар чаҳорчуби ҳамоиши “Чин-Осиёи Марказӣ” ҷиҳати таъмини амну субот, таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор таъйид карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки давоми се даҳсола муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар асоси усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому боварии мутақобила босуръат рушд ёфтанд. Дар ин росто мулоқот дар доираи саммити “Чин-Осиёи Марказӣ” метавонад заминаи нодир ва самараноке барои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳои мо гардад.

Зимни суханронии пурмуҳтаво Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки буҳронҳои озуқаворӣ, энергетикӣ ва иқтисодию молиявӣ, инчунин пандемияи короновирус ва тағйирёбии иқлим ба талошҳои кишварҳо дар самти рушди устувор, таъсири манфӣ мерасонад.Пешниҳод гардид, ки рушди ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сармоягузорӣ ва тиҷорат фаъол карда шавад.

Таъкид карда шуд, ки фазои иқтисодии Тоҷикистон барои ҳамаи соҳибкорону сармоягузорон ҳамеша кушода аст.Тоҷикистон ба тавсеа ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ барои беҳсозии робитаҳои нақлиётию коммуникатсионӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва рақамикунонию соддагардонии тартибот дар тиҷорати байналхалқии давлатҳо, инчунин таъсиси марказҳои логистикӣ манфиатдор мебошад.Дар кори ҳамоиш имкониятҳо дар самти тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Чин дар соҳаҳои кишоварзӣ, рақамикунонӣ, инноватсия ва “технологияи сабз”, бахши гидроэнергетика ва дигар бахшҳои судовар таъкид гардид. Зимни баррасии масоили обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо Президенти мамлакат ба сарони кишварҳо ҷиҳати дастгирии амиқ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон изҳори сипос карданд.

Дар рафти суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба масъалаи тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангию гуманитарӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ ҷалб сохтанд.Таъкид гардид, ки таъмини амнияти минтақавӣ аз мавзуъҳои мубрами кишварҳо буда, Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният, мубориза бо терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи нашъаовар, диққати махсус медиҳад.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувору тағйирнопазири Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонию минтақавӣ ва рушду тавсеаи ҳамкориҳо ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мо қабули “Эъломияи Сиан”-ро ҷонибдорӣ мекунем.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар суханронии ҷамъбастии худ чунин иброз доштанд: “Шумо Ҷаноби Президент миёни мо Сарони давлатҳо аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба Шумор меравед, ки дар саргаҳи таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва дар саргаҳи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай истода будед.Шумо хеле сиёсатмадори хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин ҳастед ва дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозед.Пешниҳод ва андешаҳои Шумо барои мо ниҳоят муҳим мебошад”.

Бояд гуфт, ки аз руи натиҷаи кори Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказӣ” Эъломияи Сиан қабул гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва самтҳои асосии ҳамкориҳо байни кишварҳои ин ҳамоиш дарҷ шуданд.Инчунин, як қатор механизмҳои бисёрҷонибаи ҳамкориҳо дар самтҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодии рушди кишварҳои ҳамоиш қабул гардиданд.

Шоев Неъматҷон н.и.с, мудири кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ