ДОНИШ, ФАҲМИШ ВА ҶАҲОНИШАВӢ

116

Бишӯй, эй хирадманд, аз он дӯст даст,

Ки бо душманат бувад ҳамнишаст.

Ҷаҳонишавӣ бештар хусусияти фарҳангиву иҷтимоӣ дорад. Аз ҷумла, Энтони Гидденс раванди ҷаҳонишавиро ҳамчун падидаи фарҳангию иҷтимоӣ арзёбӣ мекунад ва онро таркиби печидае аз равандҳои мухталиф медонад. Ҷаҳонишавӣ ин як навъ гузариш аз ҷомеаи суннатӣ ба ҷомеаи нав (модерн) буда, дорои хусусиятҳои диалектикиест, ки таъсирашро ба тамоми ҷаҳон мерасонад ва боиси зуҳури фарҳанги ягона, матбуот, арзишҳои сиёсӣ, иқтисод ва ғ. мегардад. Дар шароити нави ҷаҳонишавӣ, ки фарҳангҳо ба ҳам омехта, ҳавзаҳои фарҳангӣ ба ҳам рӯ ба рӯ мешаванд, шинохти ин фарҳангҳо, донистани осору фарҳангу тамаддуни ин халқҳо бисёр муҳим аст ва ба мо зарур аст, ки дастовардҳои таърихии худро омӯзем, муҳтавою арзиши фарҳангии онҳоро тарғибу ташвиқ намоем, онҳоро ба мардум ошно созем, то ҳамин унсурҳои фарҳангии ҳазорсолаҳо шаклгирифта ба андозае оммавӣ шаванд, ки ҷомеаи шаҳрвандии мо аз онҳо ҳам истифода кунанд, ҳам таблиғ намоянд, ҳам ба унвони арзишҳои фарҳанги миллӣ онро ба ҷаҳониён пешкаш кунанд ва аз ҳама муҳим, онро ҳимоя намоянд.

Ин масъалаи асосии фарҳанги даврони мо дар раванди ҷаҳонишавӣ аст. Аммо, мутассифона, имрӯзҳо мебинем, ки қисмате аз мардуми нохудогоҳи мо ин мафҳумро нодуруст дарк намуда, ба фарҳанги бегона мегараванд, на танҳо урфу одат ва расму русуми тоҷиконаи худро гум мекунанд, балки ба гурӯҳҳои номатлуби хориҷиён ҳамроҳ шуда, бо ақида ва андешаҳои мағшуши худ, ғуломи ҳалқабаргӯш ва ё хидматгузори хоҷагони хориҷии худ мегарданд. Бехабар аз ҳикмати дину оин, бо амалу рафтори ифротгаронаи хеш оромиши ҷомеаи ободи моро халалдор мекунанд. Ҳамаи ин барояшон кам аст, ки ба раванди пешрафтаи сиёсии кишвар низ дахолати бешармона дошта, дар пайи ноором кардани вазъи солими ҷомеаи мо мебошанд.

Фаромӯш мекунанд, ки худ зодаи ин диёри куҳанбунёди нав соҳиби истиқлолиятгашта ҳастанд ва ба ҷои дар ободонии ин кишвар саҳмгузор будан, баръакс, монеаи рушду инкишофи он шудан мехоҳанд.

Нависандаи бузурги рус А.М. Горкий дар бораи нақши халқ чун офарандаи фарҳанги маънавӣ сухан ронда, чунин навиштааст: «Халқ на фақат қувваест, ки тамоми неъматҳои моддиро меофарад, балки вай сарчашмаи ягона ва адонашавандаи неъматҳои маънавӣ, аввалин файласуф ва шоири ширинкалому заковатмандест, ки ҳамаи достонҳою асарҳои фоҷиавии рӯйи замин ва бузургтарини онҳо-таърихи фарҳанги умумии ҷаҳонро офаридааст». Бале, халқ дар муттаҳидию ҳамдигарфаҳмӣ таърих ва фарҳанги худро меофарад ва ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар раванди таърих халқу миллатҳои гуногун бо эҷоду офаридаҳои барҷастаи моддию маънавии худ дар ташаккул ва ғановати фарҳанги умумиинсонӣ ё умумибашарӣ саҳми азим гузоштаанд. Имрӯзҳо баъзе зиёиёне, ки худро фарҳангшинос меҳисобанд, бо овардани ибораҳои «фарҳанги миллӣ» ё «фарҳанги бегона», яъне афзалият додани яке бар дигаре халое дар фаҳмиши ин мафҳумҳо дар тафаккури ҷомеа ба миён меоваранд. Бо талаффузи ибораи «фарҳанги бегона» магар мо метавонем, шахсиятҳоеро ба мисли Шекспиру Горкий, Эдмунд Тейлору Эмил Дюркгейм ва дигар намояндагони маъруфи фарҳанги ҷаҳонӣ, ки осорашон арзиш ва аҳамияти умумиинсонӣ дорад, «бегона» гӯем? Пас, он чӣ аз омӯзиш ва дарсу таълими илмҳои фалсафаю фарҳангшиносӣ, этикаю эстетика ва ғ. бархӯрдор ва баҳравар мешавем, магар хуб нест? Фарҳанг маънои «нуру зиё ва маърифат»-ро дорад. Зиёӣ он шахсеро мегӯянд, ки ба воситаи фар-нури маърифати худ дараҷаи худшиносию шуури сиёсии халқро меафзояд.

Таърих гувоҳ аст, ки зиёиён дар ҳама давру замон шахсҳои пешсафи ҷамъият будаанд. Халқ аз паси идеяҳои пешниҳоднамудаи зиёиён роҳи дурустро дармеёбад. Пас, чаро имрӯз бархе аз зиёиёни тоҷик аз кишварҳои хориҷ нисбати давлату миллат таҳвину носазогӯиро раво мебинанд? Магар Тоҷикистон ватани онҳо, зодгоҳи онҳо, хонаи аҷдодии онҳо нест? Аз берун санг задан ин шеваи зиёӣ аст? Зиёӣ бояд дар сафи пеши равшангарони роҳи ҷомеа, яъне машъалафрӯзи ҷомеа бошад, то аз хираду маърифати ӯ роҳи ояндаи миллату давлат мунаввар гардад. Халқ дар симои ӯ мунодии сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату иттиҳодро бубинад.

Имрӯзҳо, хушбахтона, бисёре аз тоҷикони бурунмарзӣ аз Тоҷикистони соҳибистиқлол ифтихор доранд, давлати моро такягоҳи худ мешуморанд, орзую омолашонро ба он пайванд кардаанд. Дастгирии маънавие, ки аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор мешавад, боиси рӯҳбаландӣ ва хушбинии онҳо ба оянда шудааст. Сарвари давлат ба масъалаи тарбияи ҳисси ифтихор аз давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд ва онро ҷузъи сиёсати давлатӣ қарор додаанд, ки дар муддати беш аз сӣ сол ин сиёсат натиҷаҳои самарабахш дод ва он тамоми ҷиҳатҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро фарогир шуд. Тарбияи насли бомаърифату бофарҳанг, дорои ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ояндаи неки миллатро кафолат медиҳад. Мақсади мутафаккирон низ ҳамин аст, ки фарзандони миллаташонро барои ояндаи давлаташон тарбия намоянд. Иммануил Кант гуфтааст: “Кӯдакон на барои имрӯз, балки барои ояндае, ки шояд ҳолати беҳтарини навъи инсонӣ бошад, бояд тарбия шаванд”.

Дар ин вазъи хеле мураккаб ва пуртаззоди ҷаҳони муосир, чунон ки борҳо Пешвои миллат таъкид кардаанд, дар рӯҳи худшиносию ифтихори миллии оқилона ва ватандӯстию масъулияти ватандорӣ тарбия намудани насли имрӯзу ояндаи миллат воситаи муҳим ва боварибахши аз хатарҳои глобалӣ, минтақавӣ ва дохилӣ эмин нигоҳ доштани давлат ва миллат хоҳад буд.

Холова А. А.,омӯзгори кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ н.и.ф., дотсент