ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХИИ ТАҚДИРСОЗ

131

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории тоҷикон як фазои нави сиёсӣро ба вуҷуд оварда, саҳифаи наверо боз намуд. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии чунин иброз кардаанд: “Барои халқ, ҳукумат ва давлати мо Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонад. Дастархонашро пурфайз кард”.

Бояд гуфт, ки 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замоне сурат гирифт, ки Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ, қарор Дар чунин давраи ҳассос қувваҳои гуногуни сиёсӣ роҳҳои ғайриконститутсиониро пеш гирифта, гирдиҳамоии шадидро давом дода, соҳибистиқлолии ҷумҳуриро зери хавф ва хатар гузошта буданд. Гурӯҳҳои ғайриконститутсионӣ истеъфои шахсони олимақоми кишварро тақозо мекарданд. Дар як давраи кӯтоҳ дар Тоҷикистон раисони Шӯрои Олӣ, аз ҷумла Қ.Аслонов, С.Кенҷаев, А.Искандаров аз вазифаашон сабукдӯш карда шуданд. Ва оқибат нерӯҳои оппозитсионӣ барои пеш бурдани фаъолияти Президенти Ҷумҳурӣ Р.Набиев халал расонданд. Ҳатто баъзе ташкилотҳои қудратӣ низ мақоми бетарафиро ишғол намуда, дар охир ӯро аз вазифааш сабукдӯш карданд. Ҳамин тавр, бо роҳи ғайриконститутсионӣ моҳи майи соли 1992 зери фишори сахти мухолифин Ҳукумати муросои миллӣ ташкил ёфт. Мутаасифона, ин ҳукумат аз ӯҳдаи вазифааш набаромад ва дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд. Мардуми бегуноҳи ҷумҳурӣ бо қатъият талаб мекарданд, ки ин вазъияти тоқатнофасро зудтар барҳам дода шавад.

Дар чунин шароити мураккаб, ки сухан дар бораи будан ва ё аз байн рафтани Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мерафт, даъват намудани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ (даъвати дувоздаҳум) ва аз вартаи бӯҳрони сиёсӣ баровардани мамлакат вазифаи аввалиндараҷа гардид. Дар чунин вазъияти ҳассос Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар қасри фарҳанги Арбобихоҷагии ба номи Саидхӯҷа Урунхӯҷаеви Хуҷанди бостонӣ гузаронида шуд. Аз 230 нафар вакилони халқ 193 нафар дар иҷлосия иштирок намуданд. Рӯзномаи Иҷлосия 23 масъаларо дар бар гирифта буд. Аз ҷумла: Муроҷиати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил; Дар бораи тартиби ба ҷои истиқомати муқимиашон баргардонидани гурезаҳо; Дар бораи қабули Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистон; Дар бораи интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ; Дар бораи авфи умумӣ; Дар бораи аз муҳосираи иқтисодӣ раҳо додани минтақаҳои ҷудогонаи ҷумҳурӣ; Дар боари ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо буда, аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардидаанд. 19-уми ноябри соли 1992 Иҷлосия Акбаршо Искандаровро аз вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ озод карда, Эмомалӣ Раҳмонро бо овоздиҳии пинҳонӣ ба ин вазифаи мураккаб интихоб намуд. Эмомалӣ Раҳмон дар давраи басо мушкил, ки дар ҷумҳурӣ ҷанги бародаркушӣ ба амал омада буд, тавонист тамоми қувваҳои пешқадами сулҳпарварро дар гирду атрофи худ муттаҳид намояд. Дар ин иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қатъият изҳор намуда буд, ки: “Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии ватани азизам садоқатмадона меҳнат мекунам”.

Ин марди бузург дар чунин вазъияти мураккаб ба сари қудрат омад ва ба ваъдааш вафо кард. Бо талошу кӯшишҳои ин марди бузург масъалаҳои тақдири минбаъдаи Тоҷикистон, ба охир расидани ҷанги бародаркуш, ба даст даровардани сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ, барпо намудани ҳукумати конститутсионӣ ҳалли худро ёфтанд. Зеро маҳз таҳти раёсати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосия як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки онҳо ба фаъол намудан ва таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд. Иҷлосия бо мақсади хотима додан ба ҷангӣ дохилӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ, харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкории гуруҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятиву ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти муътадил ва таҳкими мақомоти давлатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои башардӯстӣ қабул намуд.

Яке аз санадҳои муҳими қабулгардида Қонун “Дар бораи гурезаҳо”, ки дар қарорҳои Иҷлосияи таърихӣ қабул гардида буданд ва ёрии моддиву имтиёзҳои имконпазирро кафолат медодан, бори дигар собит сохт, ки роҳбарияти нави Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош дорад ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад.

Дар Иҷлосияи мазкур ҳукумате таъсиси ёфт, ки таҳти сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши Миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дода, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад.

Бо туфайли Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар фазои сиёсии Тоҷикистон тағйироти куллӣ ба амал омад. Мамлакати азияткашида аз гирдоби ҷанги пурдаҳшати бародаркуш халос шуда, бо роҳи осоиштаи зиндагӣ ва бунёдкорӣ қадам ниҳод.

Бо шарофати ин иҷлосияи тақдирсоз орзуи халқи тоҷик оиди таҳким намудани Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷомаи амал пӯшид ва аз соли 1992 Тоҷикистон ба узвияти Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардид, 190 мамлакати ҷаҳон истиқлолияти онро эътироф карданд. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии чунин натиҷаҳои муҳими сарнавиштсози зеринро ба бор оварда аст:

– роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд;

– сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт;

– хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистонро бартараф намуда, парокандагии миллатро пешгирӣ намуд;

– тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт;

– самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакат, инчунин мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян намуд;

– барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод;

– қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуд ва ба рушди он замина гузошт.

Хулоса Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон воқеае беназире буд, ки дар таърихи навини халқи тоҷик хеле таъғироти куллиро ба вуҷуд овард. Маҳз ба шарофати он мардуми шарафманди тоҷик ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расид. Дар ҳақиқат, Иҷлосияи таърихӣ барои миллати тоҷик, иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахш буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот дода, тақдири истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намуд ва барои пойдории ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ намудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ пояи мустаҳкам гузошт.

Эргашев Оғабек – донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси сиёсат ва идораи давлатии факултети фалсафаи ДМТ