МАҚОМИ ЗАНОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

96

Дар ҳақиқат дар марҳилаи кунунии давлатдорӣ, ки марҳилаи гузариш маънидод карда мешавад, барои муайян намудани мавқеъ, манфиъат ва сиёсати дурусти идоракунӣ истифодаи тамоми неруҳои фаъоли ҷомеа, бахусус занон бениҳоят зарур аст.

Инро дарк карда Ҳукумати кишвар баъди дарёфти истиқлоли давлатӣ шароити мусоид барои таъмини ҳуқуқҳои занонро ба вуҷуд овард. Аз рӯзҳои аввали истиқлолият роҳбарияти олии мамлакат, ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодиҳои занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон тадбирҳои зарурӣ андешида, ин масъала дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати кишвар қарор дошт. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву сунатӣ шакли муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузошт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ҳангоми мулоқот бо намояндагони занҳои фаъоли мамлакат 11 марти соли 2020 бахшида ба “Рӯзи Модарон” чунин иброз дошта буданд: «Бузургии зан –модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин, нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад»

Истиқлолияти давлатӣ баҳри тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти васеътареро фароҳам овард, ки тавассути он зани тоҷик тавонист неруи созандаи худро баҳри ободию пешравии кишвари худ сарф намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона ширкат варзад.

Ҳанӯз моҳи марти соли 1991 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ин яке аз дастовардҳои соҳибихтиёрии Тоҷикистон буда, дар байни давлатҳои мушаракулманофеъ таҷрибаи аввалин буд. Моҳи сентябри соли 1998 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» ва “Барномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми зан барои солҳои 2005-2020» қабул шуд.

Барномаи миллии мазкур, ки асосан беҳтар намудани саломатии занон, таъмини имконоти дастёбӣ ба таҳсилот, баланд бардоштани саводнокии иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва сатҳи зиндагӣ, таъмин намудани ҳуқууқ ва имконоти баробар дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, барҳам додани ҳаргуна шакли зӯроварӣ, паст кардани омилҳои номусоиди муҳити зист ба саломатии занон ва ғ. равон карда шудааст, тасдиқ гардид. Санади дигари тақдирсоз ин Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аст, ки он дар арсаи ҷаҳонӣ дунявӣ будани ҷомеаи Тоҷикистонро бори дигар таъкид месозад. Ба шарофти ин фармон имрӯз занон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣфаъолият мекунанд. Мувофиқи ин Фармони Президент ба вазифаи яке аз ҷонишинҳои вазирони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, кумитаҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ, муассисаҳои давлатӣ номзадҳо аз ҳисоби занони қобилиятнок, босавод ва таҷрибаи корӣ дошта таъин карда мешаванд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз моҳи декабри соли 1999, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз соли 2005, Барномаи давлатии таъмини ҳуқуқҳои баробар ва имкониятҳои баробари мардон ва занон, Барномаи давлатии дастгирӣ ва тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд, Стратегияи миллии фаъолгардонии занон дар сиёсат то соли 2020, ҷудо намудани квотаҳо барои духтарони ноҳияҳои дурдаст ва ғ.ҳ. аз ҷумлаи санадҳои меъёрию ҳуқуқи ва тадбирҳое мебошанд, ки баҳри иштироки фаъолонаи занон дар хаёти ҷомеа мусоидат менамояд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» тасдиқ гардид ва даҳҳо санадҳои дигар, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии хонаводаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода кардани кадрҳои боистеъдод аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳтар намудани вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудааст, замина гузоштанд.

Ин буд, ки иштироки занон дар рушди сиёсати давлатӣ, рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни мамлакат давра ба давра афзоиш ёфт, ки инро ҳангоми таҳлили маълумоти оморӣ мушоҳида намудан мумкин аст.

Тибқи нишондод соли 1995 дар мақомоти марказӣ 123 нафар занон дар вазифаи роҳбарӣ фаъолият дошта бошанд, соли 1998 213 нафар занон, соли 2000 танҳо дар ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти марказӣ, ки аз ҷониби Президент ва Ҳукумат таъин мешаванд, 30 нафар занон фаъолият намуданд. Шумораи умумии занон дар хизмати давлатӣ 3 612 нафарро (23,4 %) ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ 1 975, дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 1 637 нафар занон фаъолият доранд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2001 теъдоди занон дар мақомоти марказии идоракунии давлатӣ ва сохторҳои он 2800 нафар (24,2%), аз ҷумла дар вазифаҳои роҳбарикунанда – 515 нафар (16,8%); дар мақомоти маҳаллӣ идоракунии давлатӣ 993 нафар (26,7%), аз ҷумла дар вазифаи роҳбарӣ – 310 нафар (21,3%); дар мақомоти худидоракунии маҳаллӣ – 562 нафар (17,0%), аз ҷумла дар вазифаи роҳбарӣ – 241 нафар (20,5%)-ро ташкил медоданд.

Бояд қайд кард, ки рӯз ба рӯз шумораи занон дар мансаб ва вазифаҳоиҳои давлатӣ рӯ ба афзоиш аст. Ин аз баробарии зану мард дар ҷомеа шаҳодат медиҳад. Имрӯзҳо дар сохторҳои давлатӣ, вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо шумораи занон зиёд гардида, дар вазифаҳои гуногун пурмаҳсул меҳнат карда истодаанд. Маълумотҳо нишон медианд, ки дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, илму фарҳанг, маориф, соҳаи хизматрасонии ахборотию ҳисоббарорӣ зиёда аз нисфи кормандонро занон ташкил мекунанд.

Ҳамасола дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бонувону занон низ дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ махсус зикр мегардад. Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Пешвои миллат қайд карданд, ки “занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд. Ҳоло қариб 71 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм, фарҳанг47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд”.

Таҳлили сифру рақамҳои боло далели возеҳи онанд, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, фазои сулҳу субот ва оромии кишвар ва аз ҳама муҳим дар заминаи амали сохтани сиёсати ҳадафмандонаву бобарор, ташаббусҳои созандаву башардӯстонаи Пешвои миллат, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароитҳои муносиб ва имкониятҳои арзанда барои боло рафтани мавқеи зан дар ҷомеа фароҳам оварда шудаанд, ки онҳо назир надоранд.

Имрӯз дар парлумони кишвар 23 нафар зан, дар Маҷлиси миллӣ 8 нафар ё 25,8 фоиз ва дар Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз фаъолият доранд. Дар мақомоти судӣ 21 фоиз ва дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо 25 дарсад занон фаъолият менамоянд. Ин нишондиҳандаҳо гувоҳанд, ки роҳбарияти кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани мавқеи занону духтарон фармон, қонун ва дастурҳои махсус ба тавсиб расондаанд.

Сафарова Бону, ассистенти кафедраи диншиносии факултети фалсафаи ДМТ