НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ СИЁСӢ

95

Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, Конститутсияи мо барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёди тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши муайянкунанда дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар таърихи инсоният Конститутсия таҳаввулоти ҷиддиро асос гузоштааст ва ҳама гуна дигаргуниҳои куллӣ дар пешрафти кишварҳо тавассути Конститутсия ифода ёфтааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 – уми ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, ки ин ҳуҷҷати сарнавиштсози давлату миллат ва бахтномаи миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияташон ҷонибдори бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи ҷумҳурии соҳибистиқлол буданд, ки дар моддаи 1 Конститутсия омадааст:

“Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимои буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд”.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Конститутсия, сулҳу ваҳдати миллӣ, истиқлолият ва суботи сиёсӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ аз солҳои 1991 то соли 1997 ва ба имзои расидани созишномаи истиқрори сулҳ дар қаламрави Тоҷикистон ҷанги шаҳрванди сар зада, вазъи мамлакатро бад намуда, мардумро бехонумонӣ оварда расонда буданд. Дар чунин вазьияти нооромии кишвар хуршеди иқболи миллати тоҷик тулуъ кард, фарзанди фарзонаи миллат Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дареғ надошта, барои наҷоти давлату миллат ба сари қудрат омада, дар суханронии худ гуфта буданд:”Ман ба шумо сулҳ меорам” воқеан ҳам мо шоҳиди он гаштем, ки Пешвои миллат сулҳу ваҳдат, истқлолияти сиёсӣ ва Конститутсияро ба миллати тоҷик эҳдо карда зиндагии осоиштаеро фароҳам сохтаанд.

Конститутсияи мо ҳомии халқ буда тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар он дарҷ гардидааст, аз ҷумла дар моддаи 14 Конститутсия омадааст”.

“Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳури ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд”.Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки Конститутсия кафолат додааст бевосита амали шуда истодаанд. Конститутсия дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии кишвар нақши мондагор дошта, барои пешрафти ҷомеа ва давлату миллат хизмат мекунад. Ҳар як шаҳрвандро месазад, ки ба қадри ин ҳама неъмати истиқлолияти сиёсӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ ва ин тинҷиву оромии кишвар бирасанд ва барои пешрафти миллату давлат саҳмгузор бошанд.

САФАРАЛӢ Ҷамшедов, магистранти курси 1-и факултети фалсафаи ДМТ