НАҚШИ САРМОЯИ ИНСОНӢ ДАР РУШДИ СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФИ КИШВАР

101

(Дар ҳошияи Паёми навбатии Асосгузри сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

Тибқи анъанаи давлатдории навинамон ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷомеаи Тоҷикистон паёми худро, ки фарогирандаи масъалаҳои гуногуни соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла дастовардҳову баъзе камбудиҳо мебошад, ироа мефармоянд. Паёми навбатие, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат пешкаш гардид, аслан муваффақиятҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ, илму моариф ва дигар бахшҳои ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистонро дар худ таҷассум менамояд. Албатта, дар баробари комёбиҳо, инчунин,Пешвои миллат ба баъзе камбудиҳои мавҷуда дар соҳаҳои муайян таваҷҷуҳи нуктасанҷона намуда, оид ба бартараф кардани мушкилиҳову камбудиҳо ва беҳтару хубтар гардонидани шароити мусоид баҳри рушди минбаъдаи онҳо ба сохторҳои давлатию ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дастуру супоришҳои худро ироа фармуданд.

Яке аз бахшҳои муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи тақвият бахшидани сармояи инсонӣ нигаронида шуда буд. Пешвои миллат гуфанд, ки «Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. … сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад».

Дар воқеъ, омили асосии пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ин рушди соҳаи илму маориф мебошад, ки дар он сармояи инсонӣ нақши меҳвариро мебозад. Пешрафти зарурии соҳаи мазкур аз зумраи воситаҳои муҳимтарини таъмини ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа маҳсуб меёбад. Ба ҳамагон маълум аст, ки рушди соҳаи илму маориф ба фаъолияти таҳқиқотиву тадқиқотии олимону муҳаққони бахшҳои мухталиф пайвастагӣ доранд. Дар навбати хеш, шаклҳои гуногуни фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ба дастгириҳои молию пулӣ ниёзманданд. Аз ин лиҳоз, дар Паёми Пешвои миллат ин масъала низ сарфи назар нагардид ва дарҷ гардид, ки тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории онҳо, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолотфаъолияти илмиву таҳқиқотии мутахассисони соҳаҳои гуногун дастгирӣ карда шавад. Баъдан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илова намуданд, ки «ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд».

Мусаллам аст, ки тақдири минбаъдаи ҳар як давлату ҷомеа аз насли наврасу ҷавони он вобастагии зиёд дорад. Дар алоқамандӣ бо ин масъала Пешвои миллат дарҷ намуданд, ки дар муқоиса бо соли 2017 (2,1 миллион нафар) теъдоди муҳассилини макотиби миёнаву муассисаҳои таълимии олии касбии кишвар то соли 2023 ба 2,6 миллион нафар расидааст, яъне 0,5 миллион зиёд шудааст.

Ин нишондиҳанда аз он далолат мекунад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҷалби насли наврасу ҷавон ба таҳсили илм ва донишандӯзӣ талошу ғамхориҳои пайвастаро амалӣ мегардонанд. Бо зиёд шудани теъдоди хонандагони макотиби миёнаву олии кишвар зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маориф баҳри донишандӯзии хонандагон ба миён меояд.

Пешвои миллат дар паёми хеш тазаккур доданд, ки «…Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд». Мавриди таваҷҷуҳи ташкилотҳои байналхалқӣ қарор гирифтани ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва баҳои сазовор додан ба он боз ҳам гуфтаҳои қаблиро дар хусуси талошҳои пайваста ва кӯшишҳои бардавоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишварро дар пешрафти ин соҳа тақвият мебахшад.

Илова бар ин, Пешвои миллат бисёр бамаврид қайд намуданд, ки «… авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад».

Воқеан ҳам замони муосир аз пешрафти босуръати илму техника ва техногияҳои ҳозиразмон дарак медиҳад, ки бидуни мутахассисони баландпоя дар соҳаҳои мухталиф мо ҳамқадами замон буда наметавонем. Хоссатан, масъалаи забономӯзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва тамоми бахшҳои илмию амалӣ бояд ба таври зарурӣ роҳандозӣ шавад. Масалан, аз боғчаҳои кӯдакон сар карда, то ба мактабҳои миёнаву муассисаҳои олии касбии кишвар раванди забономӯзӣ, махсусан раванди азбарнамоии забонҳои русиву англисӣ бояд татбиқи амалии худро биёбад. Зеро маърифати забонҳои мазкур моро ба ҷаҳони илму дониш ва пажӯҳишҳои бахшҳои мухталиф ворид месозад ва мо имкон пайдо менамоем, ки аз бештари дастовардҳои соҳаҳои гуногуни илм бархӯрдор шавем ва дар қатори олимону муҳаққиқони кишварҳои олам мо низ таҳқиқоти илмию амалии худро пешкаши ҷаҳониён гардонем.

Ҳамзамон, Президенти кишвар дар робита бо масъалаҳои таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ, инчунин барои ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ як қатор вазорату сохторҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки тадбирҳои заруриро дар ин самт биандешанд. Бар замми ин, Пешвои миллат Вазорати маориф ва илмро вазифадор карданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намояд.

Асосгузри сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки «… дар раванди амалисозии лоиҳа муҳити мусоид барои дастрасӣ ба таҳсилот, таълиму тарбияи самарабахш, таълифи китобҳои дарсии насли нав, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳлил ва арзёбии раванди таълиму тарбия ва беҳтар кардани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ таъмин карда шавад».

Масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим низ мадди назари Пешвои миллат қарор гирифт ва таъкид гардид, ки ба ин масъалаҳо бояд эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад.

Хулласи калом, барои татбиқи амалии чораву тадбирҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати беҳтар шудани вазъи сармояи инсонӣ ва рушди соҳаи илму маориф танҳо вазорату муассисаҳои муайян не, балки ҳар як шаҳрванди давлат бояд масъулияти худро дар назди ҷомеа хуб дарк намояд ва дар доираи салоҳияти хеш вазифаву уҳдадориҳояшро ба таври зарурӣ амалӣ гардонад. Набояд фаромӯш кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватани азиз ва мояи ифтихори ҳамаи мост!

Раҷабов И.Ҷ.н.и.с.дотсенти кафедраи сиёсатшиносии факултети фалсафа