ТАШХИСИ МУВОФИҚАТИ ПСИХОЛОГИИ ИЗДИВОҶКУННДАГОН ТАЛАБОТИ ЗАМОН АСТ

95

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» қайд карданд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».

Бо вуҷуди ин, бар ивази ин қадар чорандешӣ ва чорабиниҳои анҷомдодашуда, чуноне ки ба ҳамагон маълум аст сол аз сол зиёдшавии шумораи талоқ, пошхӯрии оилаҳо, сағиру саргардон гардидани тифлакони бегуноҳ, ба ботлоқи ҷинояткорию авбошӣ, шӯрапуштию мардумозорӣ фурӯ рафтани насли наврас ва дар ин замина коста гардидани ахлоқи ҷомеа ва ноосудаҳолии мардум, шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои терористию экстремистӣ дар афзоиш асту афзоиш.

Чаро???Ҷавоби қотеона додан ба саволи мазкур хеле мушкилу душвор аст, зеро аз суҳбат бо нафарони гирифтори чунин гирдоби фоҷианок гардида, бармеояд, ки касе оқилона, холисона, мардона ва бе гунаҳгорнамоии ҷониби муқобил ба саволҳои матраҳнамудаи мутахассисон ҷавоб намегардонад. Мазмуну моҳияти ҷавобҳо низ на якмаъно, балки хеле гуногунанд: яке дахолати падару модарро далел меораду дигаре бе меҳру муҳаббатии ҳамсарро, ҷавоби шахси сеюм маънои бадрашк будани ӯро нишон медиҳад ва монанди инҳо. Хулоса, шумораи хеле ками ин ашхос хатою камбудиро дар худ мебинанд.

Гузашта аз ин, аксарияти иштирокчиёни чунин вазъияти нохуш барои оқилона ҳал кардани мушкилии бамиёномада ҷиддан саъю талош намекунанд. Гузашт кардан, ҳамдигарро бахшидан, созиш кардан барин хислату амалҳои неки инсониро барои худ аз рӯи ғуруру худпарастии беасос аз даст додани мақому мартаба, паст шудани эътибор, манзалат, шаъну шараф, қадру қимат ва иззати нафс мешуморанд. Табиист, ки дар чунин вазъияти ногувор, ҷонибҳои даргир баъзан дар сари хашму ғазаб, бе ягон далели қатъӣ роҳи ягонаи баромад ва халосӣ аз онро дар ба забон овардану иброз доштани калимаи хеле номақбул – талоқ мебинанд.

Аз норасогии донишҳои психологӣ, динӣ, ахлоқӣ дар маҷмуъ ҷоҳилии комил чораи дигар низ надоранд, зеро ба куҷо ва ба кӣ муроҷиати нишонрасу манфиатрасон кардани худро намедонанд.

Дар аксар маврид ба фолбинону сеҳргарон муроҷиат карда, вазъияти бе ин ҳам тезу тунди муносибатҳои оилавиро боз ҳам сахту сардтар мегардонанд, вале ягон натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда наметавонанд. Дар ниҳояти кор бо аризаи даъвогӣ барои бекор кардани ақди никоҳ ба мақомоти судӣ муроҷиат мекунанд, ки ин ҷониб дар навбати худ мувофиқи талаботи қонунгузорӣ барои нигоҳдошти оила ва ба сулҳу салоҳ омадани даъвогарон, бо истиснои ҳолатҳои ҷудогона аз 3 то 6 моҳ муҳлати оштишавии ҷонибҳои даъвогарро бе нишон додани муассисаи нозир, таъин мекунад. Дар аксар маврид бо сабаби маълум набудани муассисаи назораткунанда (бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо, идораҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, ҷамоатҳои деҳот ва ғ.) бо даъвогарон кор набурдани мутахассисон ва наандешидани чораҳои зарурию фаҳмондадиҳӣ ва мавҷудияти шахсони масъулу ҷавобгар, ки бояд доир ба корҳои анҷомдодашуда ба мақомоти дахлдор ҳисобот пешниҳод намоянд, муҳлати муайяншуда хушку холӣ, бе ягон натиҷаи самарабахш сипарӣ мешаваду оилаҳо ба мувофиқа омада наметавонанд ва аз ҳам ҷудо мешаванд.

Албатта баъзан вобаста ба вазъияти бавуҷудомада, қатъи ақди никоҳ амри зарурӣ ва халосӣ аз бадбахтист, вале дар вазъияти дигар, вобаста ба ҳолатҳои мушаххас анҷом додани он сабаби бадбахтии на як ё ду, балки чандин нафар (на танҳо зану шавҳар, балки фарзандон, хешу табор, аҳли ҷомеа ва қабл аз ҳама зан-модар, ки мақому мартабаи ӯ бо шарофати офаридгориаш назди Офаридгори олам назар ба мақоми мард се маротиба авлотар шуморида шудааст), шуда метавонад. Яъне, паҳлуҳои манфии қатъи ақди никоҳ назар ба паҳлуҳои манфиатноки он бештару бештар аст.

Бояд қайд намоем, ки дар чунин вазъияти ҳассосу нозук, ин гуруҳи гирифторонро танҳо мутахассисони варзидаи касбӣ, аз ҷумла психологони оилавӣ аз мушкилии пешомада раҳо карда метавонанд ва ба дарди онҳо даво мешаванд. Мутаассифона, бо вуҷуди аз солҳои 90-уми асри гузашта дар чандин муассисаҳои олии ҷумҳурӣ (ДМТ, ДДОТ ба номи С. Айнӣ, ДДХ ба номи Б. Ғафуров ва ғ.) амал кардани шуъбаю факултетҳои психология ва ҳар сол онҳоро ба тариқи буҷавию шартномавӣ хатм кардани садҳо нафар соҳибихтисос, дар тамоми миқёси ҷумҳурӣ шумораи машваратхонаҳои психологияи оилавӣ бо сабабҳои гуногун ангуштшуморанд, аксарияти шаҳрвандон доир ба мавҷудияти чунин машваратхонаҳо ва доир ба кадом мушкилӣ ба онҳо муроҷиат кардан ҳатто тасаввурот надоранд. Аз ҷониби дигар, шумораи зиёди хатмкардагони ихтисоси психология аз ҳисоби буҷаи давлат таҳсил карда, бо сабаби набудани ҷои кор бекоранд ва ё ба фаъолияти ғайриихтисосӣ машғуланд. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки маблағҳои барои таҳсили онҳо сарфгардида аз кадом ҳисоб ба буҷаи давлат баргардонида мешавад???

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки айни замон ҷавонони мо низ ба монанди ҷавонони мамлакатҳои мутараққии олам пеш аз барпо намудани оила, аз муоинаи тиббӣ, ки дар он дараҷаи мувофиқати физиологӣ ва эмин будан аз ҳама гуна бемориҳои вирусию сирояткунанда мавриди баррасии мутахассисон қарор мегирад, мегузаранд. Яъне, ба истилоҳи дигар, ба хотири ба дунё овардани фарзандони солеҳу солим мувофиқати тиббии ҳар як ҷуфти издивоҷкунандагон мавриди назари табибон қарор мегиранд ва ин амал хеле заруру ҳатмист. Вале мутаассифона, ҳалли масъалаи муоинаи мувофиқати психологӣ, ки дар мамлакатҳои мутараққӣ ба он аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд ва барои бунёд кардани оилаи солиму устувор хеле зарур мешуморанд (масалан, дар Дания аз моҳи апрели соли 2019 инҷониб барои ҳамсарони хоҳиши бекор кардани ақди никоҳи худро дошта, курсҳои махсуси ҳатмии семоҳа, ки ҳадафашон ислоҳ ва бартараф кардани мушкилиҳои оилавии бамиёномада мебошад, амал мекунанд. Дар назди мақомотҳои давлатии баъзе давлатҳо машваратхонаҳои оилавӣ амал ва фаъолият доранд, ки муроҷиат ба онҳо ихтиёрӣ мебошад), дар ҷумҳурии мо муаллақ аст.

Мувофиқати психологӣ – ин қаробат, рафоқат, улфат гирифтан, монандию шабоҳат пайдо кардан, ҳамчунин ҳамдигарро пурра намудани одатҳо, ақидаю андешаҳо ва хислатҳои бо ҳам наздик, монанд ва фарқкунандаи издивоҷкунандагон мебошад. Ояндаю тақдири никоҳ ё издивоҷи ҳамсарон аз мувофиқати психологии онҳо сахт вобаста мебошад. Зеро он омили асосии устувории оила ба шумор меравад.

Дар асоси андешаҳои зикргардида таклиф мекунем, ки барои пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи болоравии бекор кардани ақди никоҳ дар мамлакат, ташкил кардани ҷойҳои кории нав ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони соҳаи психологияи оилавӣ, кори иҷтимоӣ бо оила дар назди бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо, идораҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (САҲШ) фаъолияти штатии машваратхонаҳои психологӣ ва аз муоинаи ҳатмии мувофиқати психологӣ гузаронидани издивоҷкунандагон ба роҳ монда шуда, мудирияти онҳоро нафароне ба уҳда дошта бошанд, ки бевосита соҳиби дипломи ихтисоси психология, хусусан психологи оилавӣ мебошанд.

Ин имконият медиҳад, ки: аввалан, издивоҷкунандагон дар бораи ҳамдигар маълумотҳои муҳими психологиро ба даст оранд ва сониян, дар асоси маълумотҳои бадастомада доир ба мушкилиҳои дар раванди ҳаёт пешоянда ва роҳҳои пешгирию бартарафнамоии онҳо бо кӯмаки мутахассис маълумоти мухтасар дастрас намуда, бо ин восита худшиносӣ ва дараҷаи шуурнокии худро баланд бардоранду бо донишҳои психологӣ, ки барои ҳар як фард ва хусусан ҳамзистии осоиштаи зану шавҳар амри зарурист, мусаллаҳ гарданд. Қайд бояд кард, ки мувофиқи кодекси одоби касбии фаъолияти машваратхонаҳои психологӣ, ҳама гуна маълумотҳои бадастовардашуда сирри шахсии муроҷиаткунанда ба шумор рафта, аз дигарон ҷиддан махфӣ нигоҳ дошта мешавад.

Машваратхонаҳои мазкур, ки зарурати замони муосир ба шумор меравад, пеш аз ҳама бояд иҷрои вазифаҳои зеринро ба уҳда дошта бошанд:

1 Гузаронидани муоинаи ҳатмии психологӣ барои муайян кардани дараҷаи мувофиқати психологии издивоҷкунандагон, пеш аз ба қайд гирифтани аризаи бастани ақди никоҳ ва ба онҳо додани маълумотнома ва тавсияҳо оид ба ҳолати мавҷуда;

2 Дар сурати рӯй додани мушкилию ҳамдигарнофаҳмиҳои оилавӣ ва ба миён омадани масъалаи бекор кардани ақди никоҳ, ташкил кардани курсҳои кӯтоҳмуддат оид ба бартараф кардани мушкилию ҳамдигарнофаҳмоиҳои ҷойдошта бо ҳамсарон;

3 Бурдани корҳои ислоҳнамоӣ – офиятбахшии ҳатмии вазъияти буҳронӣ дар асоси таъиноти мақомоти судӣ ва ба мақомоти мазкур пешниҳод намудани хулосаю пешниҳодот оид ба вазъияти мавҷуда;

4 Ҳаллу фасли мушкилиҳои марбут ба муносибатҳои байниҳамдигарии зану шавҳар, байни волидайну фарзандон, байни худи фарзандон, байни фарзандону ҳамсолон ва ғайра.

Мирзоалӣ Алиев – н.и. педагогӣ, дотсенти кафедраи психологияи факултети фалсафаи ДМТ